Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ аҳдномаҳои ҳамла накарданро бекор кард


Ким Ёнг Ун-раҳбари Кореяи Шимолӣ ба Кореяи Ҷанубӣ нигоҳ мекунад
Ким Ёнг Ун-раҳбари Кореяи Шимолӣ ба Кореяи Ҷанубӣ нигоҳ мекунад
Кореяи Шимолӣ ҳамаи аҳдномаҳои ҳамла накардан ба рақиби худ Кореяи Ҷанубиро бекор кард. Ин эъломияи Кореяи Шимолӣ баъд аз чанд соати қабули таҳримҳои нави Шӯрои Амнияти СММ пахш шуд. Таҳримҳо ҷавобе бар зидди озмоиши севвуми ҳастаии Кореяи Шимолӣ аст, ки 12 феврал анҷом гирифта буд.

Дар эъломияи Кореяи Шимолӣ, ки онро Кумитаи пайвастшавии сулҳомези Корея мунташир кардааст, гуфта мешавад, ки Кореяи Шимолӣ “ҳамаи қарордодҳо бо Кореяи Ҷанубиро дар бораи ҳамла накардан” ботил эълон мекунад.

Дар ин эъломия ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳамаи хатҳои иртиботи фаврии байни Шимолу Ҷануб қатъ шудааст.

Рӯзи сешанбе Шимол таҳдид кард, ки бар зидди Амрико ҳамлаи ҳастаии пешдастона анҷом хоҳад дод. Амрико ба ин таҳдид посух дод ва гуфт, ки аз ин таҳдид дар ташвиш нест ва чунин ҳамларо бо мушакҳои болдори худ бармегардонад.
XS
SM
MD
LG