Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кафили муфтии Тотористон таъйин шуд


Комил Самиуллин
Комил Самиуллин
Рӯҳониёни ҷумҳурии Тотористони Русия истеъфои муфтии ин ҷумҳурӣ Илдус Файзовро пазируфтанд. Идораи динии Тотористон имрӯз имоми 28-солаи як масҷиди маҳаллӣ Комил Самиуллинро кафили муфтӣ таъйин кард. Раисиҷумҳури Тотористон Рустам Миннихонов дар Қазон гуфт, Самиуллин тавони раҳбарӣ бар мусалмонони ҷумҳуриро дорад. Аммо фаъолони эътилофи ҷавонон бо номи “Озодлик” дар як тазоҳуроти эътирозӣ дар пойтахти Тотористон гуфтаанд, ки бояд худи мардум раҳбари диниашро интихоб кунад. Файзов гуфт, ба иллати вазъи саломатиаш истеъфо медиҳад. Дар моҳи июли соли 2012 бар асари як бомбгузорӣ дар Қазон Файзов маҷрӯҳ ва муовини ӯ Валиуллоҳ Яқубов кушта шуд. Гумон меравад, ки он ҳамла кори дасти пайравони исломи тундрав бошад.
XS
SM
MD
LG