Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таракаи мандарин" ҳаракати нақлиётро мушкил кард


Рехтани миқдори зиёди мандарин дар зери купруки роҳи оҳан, наздикии Корхонаи нассоҷӣ (Текстил) дар шаҳри Душанбе, ҳаракати нақлиётро барои чанд муддат дучори мушкил кард. Олим Саломов, ронандаи таксӣ дар пойтахт, 5-уми март тариқи телефон ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки чанд соат пеш вақти нимарузӣ миқдори зиёди мандарин аз болои мошини борбар ба рӯи роҳ рехт ва то чанд муддат равуои нақлиётро душвор гардонд. Ронандаи «КамАЗ» мехост, ки нақлиётро ба роҳи асосӣ ворид созад, вале ҳангоми гардиш қисми болои мошин ба зербетони купрук бархӯрд ва мандаринҳо рӯи роҳ паҳну парешон шуданд, афзуд Саломов.

Ба гуфти ронандаи таксӣ, ба дунболи ин ҳодиса касе зарар надидааст. Аммо аз рехтани ин миқдор мандарин пиёдагардон ва ронандаҳо саргум заданд ва онҳо, сарфи назар аз огоҳкуниҳои кормандони БДА, роҳи мошингардро банд карда, ба мандаринчинӣ шурӯъ карданд.

Дафтари матбуоти БДА низ бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки ҳодиса тақрибан соати 13:40 ба вақти маҳаллӣ рух додааст ва дар натиҷаи он касе осеб надидааст. Танҳо баъзе қисматҳои «КамАЗ» шикастааст. Мандаринҳои талафшуда ба як нафар соҳибкор тааллуқ дошт ва ронандаи мошин бояд онҳоро то бозори Шоҳмансури пойтахт мебурд, гуфт дафтари матбуоти БДА.
XS
SM
MD
LG