Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёни "ғоратгар" ба даст афтоданд


Ду нафар донишҷӯ ва як ноболиғ бо гумони ғоратгарӣ аз сӯи милиса боздошт шуданд. Бино ба иттилои сомонаи ВКД Тоҷикистон, аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино-2 шаҳрвандон Табаров Сиёвуш Суҳробович, соли таваллудаш 1993, сокини кӯчаи Лӯчоб, донишҷӯи соли 3-юми Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Диловари Искандаршо, соли таваллудаш 1996, сокини кӯчаи Федин, хонандаи синфи 10-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №37 ва Изатов Бахтовар Хуршедович, соли таваллудаш 1993, сокини кӯчаи Федин, донишҷӯи соли 1-уми Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ҳамчун гумонбар дар ғоратгарӣ дастгир шуданд. Онҳо рӯзи 24 феврали соли 2013, соати 19:30 дар назди ошхонаи «Тайга», воқеъ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови пойтахт, аз шаҳрванд Мирзоев Файзулло Нусратович, соли таваллудаш 1967, сокини кӯчаи Мир-Алӣ, бо зӯрӣ 60 сомонӣ пули нақдро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Айни ҳол ин ҳодиса мавриди санҷиш қарор дорад, - хабар медиҳад манбаъ.
XS
SM
MD
LG