Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бемористони вижа барои кормандони милиса дар Кӯлоб


Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб аз ин пас дар беморхонаи вижа табобат хоҳанд гирифт. Ин беморхона бо маблағгузории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Абдулваҳоб Искандаров, сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб, иқдоми вазорати корҳои дохилиро кӯмаке барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ин минтақа арзёбӣ кард: «Сохтмони ин беморхона аз соли 2006 сар шуда буд, вале имсол бо талошҳои вазири корҳои дохилӣ сохтмонаш ба охир расид, ки дар ҳолати бемор шудан кормандони мо метавонанд, рафта табобат гиранд».

Ба ин тартиб беморхонаи нав дорои 26 кат аст, ки дар сурати зарурат, барои муолиҷаи кормандони милиса истифода хоҳад шуд. Аммо то анҷоми сохтмони бинои ин беморхона кормандони милисаи минтақаи Кӯлоб дар беморхонаҳои шаҳрвандӣ табобат мегирифтанд. Дар назар аст, ки дар ин беморхона кормандони милиса ройгон табобат бигиранд.

Зимнан, дар Кӯлоб беморхонаи ҳарбӣ вуҷуд дорад, ки дар он сарбозону афсарони нерӯҳои марзбонӣ бистарӣ карда мешаванд. Ҳамакнун, бо мавриди истифода қарор гирифтани беморхонаи вижа барои кормандони милиса мушкили афсарону сарбозони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаи Кӯлоб ҳалли худро пайдо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG