Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«ИмрӯзNews» ҳукми додгоҳро ба чолиш кашид


"ИмрӯзNews" бо пахши як баёния аз мақомоти додгоҳии Тоҷикистон, кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар хостаааст, ки ба қазияи ин нашрия дахолат кунанд.

Дар баёнияе, ки нашрия субҳи рӯзи душанбе, 4-уми март пахш кард, гуфта мешавад, ки додгоҳ талаби "ИмрӯзNews"-ро ба инобат нагирифт ва ба баргузории муҳокимаи боз иҷозат надод ва ҳамчунин ду дархости ҳайати нашрия дар мавриди ташхиси лингвистикии мақоларо рад кард. Дар натиҷа, ҳукме бароварда шуд, ки ба манфиати яке аз тарафҳои баҳс аст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 25-уми феврал баҳси додгоҳии Рустам Ҳукумов, писари раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон бо нашрияи «ИмрӯзNews»-ро ба нафъи ҷаноби Ҳукумов ҳал кард ва нашрияро ба пардохти 50 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ маҳкум намуда буд.

Назири Нусрат, сардабири нашрияи ИмрӯзNews рӯзи 4--уми март ба «Озодӣ» гуфт, ки онҳо бо пахши ин баёния, ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 25-уми феврали соли 2013-ро "ғайриодилона" номида, аз Додгоҳи олии кишвар хоҳиш кардаанд, ки ба ин масъала расидагии ҷиддӣ кунад.

Нусхаҳои матни баёнияи мазкур ба Вазири адлия, Роҳбари намояндагии СММ дар Тоҷикистон, Сафири САҲА дар ин кишвар, сафоратҳои Амрико, Эрон, Русия ва ба созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари муқими Тоҷикистон ирсол шудааст.

Нашрияи "ИмрӯзNews" бо пеш овардани далелҳои зиёд дар робита ба ин баҳс, изҳори умедворӣ кардааст, ки ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон, созмонҳои рӯзноманигорӣ, сафоратҳои кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон нисбат ба ин ҳукм бетараф нахоҳанд буд.

Баҳси додгоҳии Рустам Ҳукумов бо нашрияи «ИмрӯзNews» сари мақолаи Назири Нусрат бо номи «Боқиев ва Ҳукумов: писароне, ки «дарди сар»-и падар шуданд» бармеояд, ки 16 октябри соли 2012 дар ин рӯзнома чоп шудааст.

Дар он зимни боздошти Максим Боқиев, писари Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури собиқи Қирғизистон дар Бритониё, ки ба қавли рӯзноманигор, ҳамчун як фишори сиёсӣ алайҳи Бишкек истифода шудааст, гуфта мешавад, ки қазияи Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, сарвари «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва аз афроди соҳибнуфузи ин кишвар низ чун фишори сиёсӣ алайҳи Душанбе истифода гардидаст.

Рустам Ҳукумов дар соли 2008 бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Русия дастгир шуда, номи ӯ дар соли 2011, дар замони қазияи боздошти ду халабони рус дар Тоҷикистон вирди забони матбуот шуд. Ҳукумов моҳи декабри соли 2011, як моҳ баъд аз раҳоии он ду халабон, аз маҳбас дар Русия раҳо ёфт ва ба Душанбе баргашт.
XS
SM
MD
LG