Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Қазияи “ИмрӯзNews” барои гапдаро кардани расонаҳост”


Ҳукми ниҳоии додгоҳ дар мурофиаи Рустам Ҳукумов ва рӯзномаи “ИмрӯзNews”, тақдири минбаъдаи таҷҳизоти ҷангии нерӯҳои НАТО баъди берун рафтан аз хоки Афғонистон, баррасии бурду бохти фаъолияти ҳукумат ва дефолтпазирии иқтисоди Тоҷикистон дар меҳвари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе қарор дорад.

“ИмрӯзNews” баҳси додгоҳии Рустам Ҳукумов, писари Амонуллоҳ Ҳукумов, раиси корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистонро бо нашрия меҳвар қарор дода, аз қавли масъулони созмонҳои журналистии Тоҷикистон ҳукми додгоҳро ғайриқонунӣ хонда ва мақсади онро “гапдаро кардани расонаҳо” унвон кардааст. Ахиран, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт даъвои Рустам Ҳукумовро нисбати “ИмрӯзNews” қонеъ кард ва рӯзномаро дар паст задани шаъну шарафи Ҳукумов айбдор дониста, муваззаф намуд, ки ба даъвогар 50 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардохт кунад. Аммо Рустами Ҷонӣ, муассиси “ИмрӯзNews”, аз ин қарори додгоҳ изҳори норозигӣ карда ва гуфтааст, “то ҷое, ки гӯши адолатшунав ҳаст ва қобили фарқ кардани сиёҳ ва сафедро дорад, мо муборизаамонро идома мебахшем”.


“СССР” дар бастагӣ ба ин мавзӯъ ва “дар доираи пуштибонӣ аз ҳамкасбони “ИмрӯзNews” навиштааст, ки “шояд Рустам Ҳукумов ҷои ба додгоҳ кашидани газетаи маҳаллӣ суди Шелковоро ба додгоҳ мекашиду талаби пардохти талофии 1,5 соли маҳбусӣ менамуд?” Зеро, ба таъкиди нашрия, ҳарчанд Ҳукумов аз маҳбас озод шуд, вале то ҳанӯз зиндонӣ будани “дигар фигурантҳои ин парванда” аҷиб менамояд. Ба гуфти нашрия, пушти дарҳои пӯшида сурат гирифтани мурофиаи додгоҳ тааҷҷубовар аст, зеро, ба иддаои рӯзноманигор Сайёфи Мизроб, то ҷое вай – “дилетанти ҳуқуқ” медонад, танҳо парвандаҳое паси дарҳои пӯшида сурат мегиранд, ки “дар онҳо ҷиноятҳои марбут ба таҷовуз ба номус (барои нарехтани обрӯи ҷониби ҷабрдида) ва мӯҳри сирри давлатӣ дошта” баррасӣ мешаванд. Аммо, ба гуфти рӯзноманигор, ин ҷо сухан сари таҷовуз ҳам несту асрори давлатӣ низ. “Пас, муаммо нест, ки судяҳои мустақили мо чунин парвандаҳоро ниҳонӣ матраҳ мекунанд?” – пурсидааст Сайёфи Мизроб ва қазовати ин суолро ба раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон вогузор кардааст. Ҳарчанд, рӯзноманигор сайъ кардааст, то андешаҳояшро қотеонаву бебокона бигӯяд, вале бо аломати савол ҷамъбаст кардани бештари ҷумлаҳояш ва аз ҳадди ниҳоии эҳтиёт кор гирифтанаш ишора ба он мекунад, ки қазияи додгоҳии “ИмрӯзNews” ва Рустам Ҳукумов “аспи” ҷасорати ӯро ҳам “лаҷом” задааст.


“Миллат” изҳороти Виталий Волков, коршиноси Қазоқистон, дар мавриди эҳтимоли тақвияти тавони низомии Узбакистон аз ҳисоби вогузории таҷҳизоти ҷангии нерӯҳои НАТО баъди берун рафтан аз хоки Афғонистон ба ин кишварро бозтоб дода, бо саволи “Оё ин гуна мусаллаҳшавии Узбакистон барои кишварҳои минтақа, бахусус Тоҷикистон, хатар эҷод мекунад?” ба суроғи чанд нафар аз соҳибназарони тоҷик рафтааст. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, бо ишора ба хориҷ шудани Узбакистон аз созмонҳои минтақавӣ ва амнияти дастаҷамъӣ гуфтааст, “нигаронии баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон, ҷой дорад ва онҳо ҳақ доранд, ки чунин нигарониро дошта бошанд”. Вале Раҳматилло Зоиров, раиси ҲУСДТ, нигаронии кишварҳои минтақаро дар ин маврид беасос хондаву гуфтааст, ки мавҷудияти чунин овозаҳоро “ҳар гуна қувваҳо ба манфиати худ истифода карда метавонанд”. Вале дар бораи кӣ будану чӣ хостани ин қувваҳо Зоиров чизе нагуфтааст.


“Азия плюс” дар остонаи баргузории интихоботи имсолаи президентӣ дар Тоҷикистон, бо ишора ба шанси бештари ғолибият доштани Эмомалӣ Раҳмон дар ин маъракаи сиёсӣ, аз ду коршиноси тоҷик хостааст, то фаъолияти ҳукуматро таи чанд соли гузашта баҳогузорӣ кунанд. Ба иддаои ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов, “пайванди хешутаборӣ, мавҷудияти фасоду маҳалгароӣ ва узвият дар ҳизби ҳоким зимни таъин шудан ба мақоми давлатӣ нақши муассир дорад” ва мақоли маъруфи “сари хамро шамшер намебурад” барои курсинишинон шиор шудааст. Аммо Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ин иддаои ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимовро рад кардаву гуфтааст, “ҳукумат бо фасод ва дигар зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа муборизаи беамон мебарад, ки ташкили Агентии мубориза бо фасод далелест ба ин”.


“Фараж” дар раддабандии кредитӣ миёни 144 давлати ҷаҳон дар қатори давлатҳои дефолтпазир қарор гирифтани Тоҷикистонро меҳвар қарор дода, то кадом андоза дуруст будани пешгӯии таҳлилгарони Форуми ҷаҳонии иқтисодиро бо таҳлилгарони бахши иқтисодии кишвар матраҳ кардааст. Исмоил Талбаков, вакили парлумон, бар он аст, ки ин пешгӯӣ “асоси воқеӣ надорад”, зеро айни ҳол “Тоҷикистон аз як кишвари қарзгиранда ба кишвари пардохтпазир табдил ёфтааст” ва “қарзи берунаи Тоҷикистон ҳудуди 40%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилияшро ташкил медиҳад”. Ба таъкиди Талбаков, Тоҷикистонро солҳои 2000-ум дефолт таҳдид мекард, ки он ҳангом “қарзи берунаи кишвар ба 120-и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар буд”. Аммо ба иддаои иқтисодшинос Хоҷимуҳаммад Умаров, “худи иқтисоди Тоҷикистон иқтисоди дефолт аст. Дефолт маънои онро дорад, ки дар мо аз ӯҳдаи баргардонидани қарзҳои беруна баромада наметавонанд”. Ва дар зимн бо киноя илова кардааст, ки “хайрият мардикорон ҳастанд. Он маблағе, ки онҳо мефиристанд, вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии Тоҷикистонро нигоҳ дошта истодааст”.
XS
SM
MD
LG