Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои писари раиси "Роҳи оҳан" алайҳи "ИмрӯзNews"


Нахустин мулоқоти додгоҳии рӯзномаи «ИмрӯзNews» бо Рустам Ҳукумов, писари раиси корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон», рӯзи 30-уми январ баргузор мешавад.

Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, раиси корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон», рӯзномаи «ИмрӯзNews» - ро дар паст задани шарафи худ муттаҳам карда, аз додгоҳ хостааст, шаъни ӯро барқарор кунад.

Назири Нусрат, сармуҳаррири «ИмрӯзNews», ба Радиои Озодӣ гуфт, «рӯзи 28 -уми январ намояндаи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ нусхаи шикояти Рустам Ҳукумов ва даъватномаро барои ҳозир шудан ба додгоҳ ба идораи рӯзнома овардааст.»

Ба қавли Назири Нусрат, Рустам Ҳукумов аз рӯзномаи “Имрӯз News” 50 000 сомонӣ ҷуброн талаб карда ва аз додгоҳи шаҳри Душанбе хостааст, даъвои ӯро пушти дарҳои баста баррасӣ кунад.

Назири Нусрат меафзояд, ки норозигии аслии Рустам Ҳукумов, ба як навиштаи вай, таҳти унвони «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар» - и падарҳо шудаанд», рабт дорад, ки «ИмрузNews» онро 16-уми октябри соли 2012 нашр кардааст. Назири Нусрат мегӯяд, дар ин матлабаш қазияҳои боздошти Ҳукумов ва Максим Боқиев, писари раисиҷумҳури собиқи қирғизро ба баррасӣ кашида, дар ягон ҷо ба таҳқир роҳ надодаст.

Рустам Ҳукумов дар соли 2008 бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Русия дастгир шуда, моҳи сентябри соли 2010 ба 9,5 соли зиндон маҳкум шуда буд. Номи Рустам Ҳукумов дар соли 2011, дар пасманзари моҷарои боздошти ду халабони рус дар Тоҷикистон вирди забон гардида буд.

Ниҳоят Ҳукумов моҳи декабри соли 2011, як моҳ баъд аз раҳоии он ду халабон, озод шуд ва ба Тоҷикистон баргашт. Додгоҳ қарор кард, ки гуноҳи Ҳукумов барои даст доштан дар қочоқи ҷиноӣ исбот нашудааст.
XS
SM
MD
LG