Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав барои ҳимояти кӯдакон тазоҳурот барпо шуд


Рӯзи шанбе дар майдони Новопушкини Маскав тазоҳурот барои ҳимояти кӯдакон баргузор шуд. Бино ба маълумоти пулиси Маскав, дар ин тазоҳурот ҳудуди 12 ҳазор нафар ширкат доштанд. Ширкаткунандагони он аслан занони аз 40 то 50 сола будаанд.

Аксари ононе, ки суханронӣ карданд, мегӯянд, ки бояд хориҷиён фарзандони шаҳрвандони Русияро ба фарзандхондӣ нагиранд.

Бештари ширкаткунандагон дастбандҳову шиорҳо доштанд ва дар онҳо навишта шуда буд: ” Кирилл, мо бо туем” ва бад-ин тариқ ҳимояти худро аз бародари Максим Кузмин, ки дар як хонаводаи Амрикоӣ даргузашт баён карданд.
XS
SM
MD
LG