Попи Рум Бенедикти 16 пас аз тақрибан 8 соли раҳбарӣ расман аз мақоми пешвои католикҳои ҷаҳон канорагирӣ кард. Рӯҳонии 85-сола рӯзи 11 феврал эълом кард, ки ба далели нотавонӣ ва пирӣ аз мақомаш канор меравад, ки ин корро тайи 600 соли ахир ҳеҷ яке аз попҳои Рум накарда буд. Муовини Бенедикти 16, кардинал Тарсисио Бертоне то замони интихоби попи ояндаи Рум дар моҳи март, раҳбари калисои 1 миллиарду 200 миллион нафар католикҳои ҷаҳон хоҳад буд. Бенедикти 16 дар маросими видоъ бо кардиналҳои Рум қавл дод, ки ба попи оянда “бечунучаро итоат” хоҳад кард.