Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Садои Душанбе" маҳбубтарин радио будааст


Бино бар натоиҷи як назарсанҷии созмони “Зеркало”, 42,5 дарсади шунавандагон дар Тоҷикистон “Садои Душанбе”-ро маҳбубтарин радио ном бурдаанд. Мизони маҳбубияти радиои “Тирӯз” дар Хуҷанд 12,6 дарсад ва радиои “Имрӯз” дар пойтахт 11 фоиз гуфта мешавад. 10 дарсад ба радиои “Ватан” ва 8-дарсадӣ ба радиоҳои “Авис-Плюс” ва “Азия-Плюс” бартарӣ додаанд. “Зеркало” мегӯяд, дар моҳи январ дар ин мавзӯъ назари 910 нафарро пурсидааст. Ҳоло дар Тоҷикистон 44 шабакаи радиоиву телевизонӣ амал мекунанд, ки 28-тояш хусусист.
XS
SM
MD
LG