Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Восеъ интихоботи миёндаврӣ баргузор мешавад


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, ки бо қатъ шудани ваколатҳои вакили Маҷлиси намояндагон Рустам Латифов, рӯзи баргузории интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи 39-и Восеъ, расман эълон хоҳад шуд. Абдуманнон Додоев, сардори дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи 27-уми феврал ба «Озодӣ» гуфт, ки имрӯз дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон ҳамаи ваколатҳои Рустам Латифов расман бекор карда мешавад ва парлумон дар робита ба қатъ шудани ваколатҳо Кумисияи марказии интихоботро дар ҷараён мегузорад. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон гуфт, ки ваколатҳои Рустам Латифов ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон қатъ карда шуда, аз ҳайати Кумитаи аграрии Маҷлис ва аз раҳбарии Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон хориҷ карда шуд. Рӯзи 18-уми феврали соли равон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тайи як фармон Рустам Латифов, вакили Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби аграриро раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ таъйин карда буд.
XS
SM
MD
LG