Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиёрати котиби давлатии ИМА аз Олмон идома дорад


Сергей Лавров ва Ҷон Керрӣ ( аз рост)
Сергей Лавров ва Ҷон Керрӣ ( аз рост)
Рӯзи сешанбе котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ дар Берлин бо кантслер Ангела Меркел ва дигар мансабдорони воломақоми ин кишвар бӯҳрон дар Сурия ва барномаи ҳастаии Эронро баррасӣ кард. Баъд аз он Керрӣ бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров низ дидору гуфтугӯ дошт. Феълан равобити Вашингтону Маскав сард мебошанд. Кремл дар чорчӯби СММ бар зидди тавсеаи таҳрими Сурия иқдом намуда, ҳамчунон фарзандхонии ятимони рус аз тарафи шаҳрвандони Амрикоро манъ кардааст. Дар аввалин сафараш ба ҳайси котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ аз кишварҳои аврупоӣ ва Ховари Миёна зиёрат мекунад.
XS
SM
MD
LG