Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди тунди Эрон аз филми "Арго"


Бен Аффлек ҳангоми гирифтани Оскар
Бен Аффлек ҳангоми гирифтани Оскар
Эрон филми “Арго”-ро, ки рӯзи 24 феврал барандаи Оскар шуд, ҳамчун “таблиғи зиддиэронӣ” интиқод кард. Вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон Муҳаммад Ҳусайнӣ гуфт, “Арго” арзиши ҳунарӣ надорад. Телевизиони Эрон онро “таблиғи Идораи ҷосусии Амрико” номид. Хабаргузории нимарасмии “Меҳр” навишт, тасмими ироаи ҷоизаи Оскар барои филми беҳтарин ба ин филми Бен Аффлек нишон медиҳад, ки Ҳолливуд чӣ қадар зери нуфузи сиёсат қарор дорад. “Арго” достони аз Эрон берун кашидани дипломатҳои амрикоиест, ки соли 1979, дар айни ҷӯши инқилоби исломӣ дар қароргоҳи сафири Канада дар Теҳрон паноҳ бурда буданд. “Арго” дар ягон синамои Эрон намоиш дода намешавад.
XS
SM
MD
LG