Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Убайдуллоев ба Сумайя манзили нав дод


Сумайя дар рӯзи дида ба ҷаҳон кушоданаш
Сумайя дар рӯзи дида ба ҷаҳон кушоданаш
Шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев ба волидони Сумайя, ки сокини ҳаштмиллионуми Тоҷикистон эълон шудааст, дар маҳаллаи 83 манзили дуҳуҷрагӣ дод. Ин манзил дар қабати якуми як бино дар кӯчаи Федин будааст. Сумайя рӯзи 5 феврал ба дунё омад. Шаҳрдорӣ ҳамчунин дар Амонатбонк ба номи Сумайя ҳисоби шахсӣ кушода, ба он 8000 сомонӣ гузарондааст. Убайдуллоев ҳамин тавр, аз мақомоти ҳифзи сиҳҳат хостааст, барои нигоҳубини сокини ҳаштмиллионуми кишвар табиби алоҳидаеро муваззаф кунанд.
XS
SM
MD
LG