Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили мудофеъ бо ҳукми додгоҳи "Имрӯзнюс" розӣ нест


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шикояти Рустам Ҳукумовро бар зидди рӯзномаи “Имрузнюз” қабул кард ва ба нашрияи “Имрузнюз” пешниҳод кард, ки 50 ҳазор сомонӣ ба вай ҷуброни маънавӣ пардохт кунад.

Гулчеҳра Холматова-вакили мудофеи “Имрузнюз” ба радиои Озодӣ гуфт, ки бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исомили Сомонӣ розӣ нест, зеро додгоҳ дархостҳои онҳоро нодида гирифтааст ва мурофиаро паси дарҳои баста баргузор кардааст.

Гулчеҳра Холматова мегӯяд, дар давоми ҳамин ҳафта ба додгоҳи шаҳри Душанбе бар зидди ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шикоят хоҳанд бурд.
XS
SM
MD
LG