Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод дар Наврӯз ба Тоҷикистон хоҳад омад


Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмон. 25 марти соли 2012 дар Душанбе.
Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмон. 25 марти соли 2012 дар Душанбе.
Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар даҳаи севуми моҳи март аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард. Мушовири иқтисодии сафорати Эрон дар Душанбе Муҳаммадҳусейн Ҳошимифард ба «Азия Плюс» гуфтааст, ки Аҳмадинажод дар пайи таҷлили Наврӯз дар Ишқобод вориди Тоҷикистон шуда, дар расми гушоиши чархаи дувуми нирӯгоҳи Сангтӯда-2 ширкат мекунад. Ин нирӯгоҳ дар ҷануби Тоҷикистон бар пояи 180 миллион доллар сармоягузории Эрон ва 40 миллион доллар саҳми худи Тоҷикистон сохта шуда, тайи 12,6 соли аввали фаъолияташ дар ихтиёри ҷониби Эрон қарор хоҳад гирифт.
Давраи дувум ва ниҳоии раёсати Аҳмадинажод дар моҳи июн ба поён мерасад ва боздиди моҳи март шояд охирин сафари ӯ ба Тоҷикистон ба ҳайси раҳбари давлати Эрон шавад.
XS
SM
MD
LG