Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ҳолати фавт аз зукоми хук мушоҳида нашудааст


Наврӯз Ҷаъфаров, муовини директори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Тоҷикистон, 22 феврал ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки мавсими бемории зуком дар Тоҷикистон ба поён расида ва таи ин муддат ҳолати фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ба гуфти Ҷаъфаров, ҳарчанд дар ин давра ҳудуди 20 нафар гирифтори зукоми хук ё вируси «H-1M-1» ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, вале ҳолати фавт мушоҳида нашудааст. Беморон сиҳат шудаанд ва ҳоло зери назорати пизишкон қарор доранд. Зукоми хук аввалин бор дар Тоҷикистон дар соли 2009 ба қайд гирифта шуд, ки он ҳангом 150 нафар аз минтақаҳои мухталифи кишвар ангезаи «H-1M-1» доштанд. Ҳоло теъдоди афроди гирифтори ин вирус комилан кам шудааст.
XS
SM
MD
LG