Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфаттишро барои талоши куштор муттаҳам бароварданд


Муфаттиш Ҳилтон Бота
Муфаттиш Ҳилтон Бота
Дар ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ муфаттише, ки расидагӣ ба парвандаи куштори дӯстдухтари Оскар Писториус-қаҳрамони бозиҳои паралимпиро анҷом медод, барои талоши куштор муттаҳам дониста мешавад.

Тавре, ки намояндаи пулиси маҳаллӣ хабар додааст, муфаттиш Ҳилтон Бота соли 2009 ба сӯи таксие оташ кушодааст, ки дар он 7 нафар нишаста буданд. Он вақт парвандаро баста буданд, вале ҳоло расидагӣ аз сар гирифта шудааст.

Интизор меравад, ки Бота дар додгоҳ барои ин кор ҷавоб гӯяд ва ҳоло маълум нест, ки вай расидагӣ ба парвандаи Писториусро давом медиҳад ё хайр.

Дирӯз вакилони мудофеи Писториус Ботаро дар додгоҳ бозпурсӣ карданд ва вай эътироф кард, ки дар ҷараёни расидагӣ ба иштибоҳ роҳ додааст.
XS
SM
MD
LG