Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Косово ва Сербистон гуфтӯгуро аз сар гирифтанд


Нахуствазирони Сербистон ва Косово музокирот бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупопро аз сар гирифтанд. Музокирот миёни Ҳошим Тачӣ, нахуствазири Косово ва ҳамтои серби ӯ Ивиса Дасич рӯзи сешанбе дар шаҳри Брюссел шурӯъ шуд. Қабл аз ин музокирот ҳарду алоҳида бо Кетрин Эштон, масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо мулоқот карданд. Дар ин гуфтӯгуҳо масъалаи ҳукмравоӣ ба 120 ҳазор сербҳои сокини Косово баррасӣ мешавад, ки ба раҳбарони инҷо итоат намекунанд. Ин даври панҷуми музокироти миёни ду тараф аст, ки бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо сурат мегирад. Косово панҷ сол пеш худро кишвари мустақил эълом кард, вале Сербистон ҳанӯз онро ба расмият намешиносад ва бахше аз қаламрави худ медонад. Сербистон бо умеди оғози музокирот барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо, дар музокирот бо Косово ширкат мекунад.
XS
SM
MD
LG