Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷозеф Данфорд-фармондеҳи нерӯҳо дар Афғонистон


Ҷозеф Данфорд-фармондеҳи нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии паймони НАТО дар Афғонистон (ISAF)
Ҷозеф Данфорд-фармондеҳи нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии паймони НАТО дар Афғонистон (ISAF)
Ҷозеф Данфорд генерали нерӯҳои баҳрии ИМА фармондеҳи нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии паймони НАТО дар Афғонистонро бар дӯш гирифт. Ин вазифаро дар 19 моҳи гузашта генерали дигари амрикоӣ Ҷон Аллен иҷро мекард. Тахмин мешавад, ки Данфорд охирин фармондеҳи нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон хоҳад буд, зеро то охири соли 2014-ум ин нерӯҳо аз Афғонистон берун хоҳанд шуд. Данфорд таслими таъмини амният ба нерӯҳои афғон ва беруншавии аксари нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистонро раҳбарӣ хоҳад кард.Рӯзи шанбе ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон дар арафаи супурдани вазифа генерал Аллен гуфт, ба ақидаи ӯ нерӯҳои байналмилалӣ ҷанги 11-сола дар Афғонистонро бо пирӯзӣ ба анҷом хоҳанд расонд.
XS
SM
MD
LG