Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯфон ҳаёти камаш 4 касро аз байн бурд


Барфу боди шадид дар шимолу шарқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боиси қатъи таъмини барқ шуда, беш аз ним миллион аҳолии ин гӯшаи ИМА-ро аз истифодаи барқ маҳрум кардааст. Мансабдорони амрикоӣ мегӯянд, шаби ҷумъа баъди қатъи интиқоли нерӯи барқ ба пойгоҳи ҳастаии аёлати Массачусетс ин коргоҳ ба таври автоматӣ мутаваққиф шуд. Маркази ҳавосанҷии ИМА иброз доштааст, ки дар Бостон то як метр барф хоҳад борид. Тахмин мешавад, ки дар шимолу шарқи Амрико беш аз 600 ҳазор манзилу корхона аз истифодаи нерӯи барқ маҳрум шудаанд. Рӯзи шанбе ширкатҳои ҳавоӣ дар се фурудгоҳи Нюйорк ва фурудгоҳи Логани шаҳри Бостон беш аз 5300 парвозро лағв намуданд. Тибқи гузоришҳои расида, бар асари тӯфон дар ИМА ва Канада камаш 4 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба қавли полис дар роҳи миёни Бостону Нюйорк мошини зиёд банд мондаанд.
XS
SM
MD
LG