Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тири ҳавопаймои бидуни сарнишин 6 касро кушт


Ҳавопаймои бидуни сарнишин ё худ дрон дар Ироқ
Ҳавопаймои бидуни сарнишин ё худ дрон дар Ироқ
Мансабдорони амниятии Покистон мегӯянд, бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишин ё худ дрони амрикоӣ дар манотиқи қабилаҳои назди марзи Покистон бо Афғонистон камаш шаш нафар ба қатл расидаанд. Ҳамла шоми ҷумъа дар деҳаи Бобар Ғори вилояти Ҷануби Вазиристон ба вуқӯъ пайвастааст. Як мақоми амниятии Покистон иброз доштааст, ки камаш ду нафар аз кушташудагон узви созмони ал-Қоида будаанду аз ҷумла яке аз онҳо мутахассиси маводи тарканда. Чанде пеш номзади Қасри Сафед барои курсии раҳбари Идораи марказии кашфи ИМА (CIA) Ҷон Бреннан аз истифодаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин барои маҳви террористон дар саросари дунё пуштибонӣ кард. Покистон ин навъи ҳамлаҳоро мухолифи истиқлоли ин кишвар меномад. Рӯзи ҷумъа дар арафаи ҳамлаи ахир дипломатҳои покистонӣ дар Исломобод гуфтанд, ки бо намояндагони расмии ИМА қатъи истифодаи дронҳоро баррасӣ мекунанд, зеро баъзан ин ҳавопраймоҳои бидуни сарнишин афроди осоиштаро ҳам ба қатл мерасонанд.
XS
SM
MD
LG