Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Тунис даст ба коршиканӣ заданд


Рӯзи ҷумъа дар пойтахти Тунис ҳазорон нафар дар маросими ҷанозаи яке аз раҳбарони мухолифин Шукрӣ Белайид ҷамъ омаданд.

Рӯзи ҷумъа дар сартосари кишвар ҳамчунин коршикании умумӣ сурат гирифт, нақлиёти ҷамъиятӣ кор намекунанд, бисёр муассисаҳои давлативу хусусӣ баста шудаанд. Як рӯз пеш гурӯҳи эътирозгарон дафтари ҳизби ҳокими исломии “Ан-Наҳда” ё Эҳёро ба оташ кашиданд.

Куштори Шукрӣ Белайид, ки рӯзи чоршанбе сурат гирифт, боиси эътирозҳои нав ва бархӯрд бо полис дар шаҳрҳои гуногуни Тунис гардид. Баъди ин ҳодиса сарвазири Тунис Ҳамадӣ Ҷабалӣ гуфт, ки ҳукуматро пароканда намуда, кобинаи навро аз ҳисоби технократҳо таъсис мекунад. Аммо фаъолони ҳизби “Ан-Наҳда” гуфтанд, ки ин тасмими сарвазирро қабул надоранд.
XS
SM
MD
LG