Леон Паннета, вазири дифоъи Амрико, аз амалкарди низомиёни кишвараш ҳангоми ҳамла ба консулгарии Иёлоти Муттаҳида дар Либия ҳимоят кард, ки дар он ҳамла Крис Стивенс, сафири Амрико ва се дипломати ҳамкораш кушта шуданд. Ҳангоми суханронӣ дар ҳузури Кумитаи Нерӯҳои Мусаллаҳ дар Сенат, Леон Панетта, интиқоди вакилони ҷумҳурихоҳро беасос донист, ки ба гуфтаи онҳо, ҳукумати Барак Обама ҳушдорҳо доир ба эҳтимоли ҳамларо нодида гирифтааст. Ҳамла ба консулгарии Амрико дар шаҳри Бенғозии Либия 11 сентябри соли 2012 ба вуқӯъ пайваста буд. Леон Паннета гуфт, ҳеҷ “иттилоъи мушаххасе” дар бораи ҳамла вуҷуд надошт ап бар изофа суръати ҳамла нагузоштааст, ки низомиёни амрикоӣ зудтар амал кунанд. Леон Паннета афзуд, баъди он вазорати дифоъи Амрико муқарраротеро тағйир додааст, ки иҷоза медиҳанд, барои таъмини амнияти кормандони таъсисоти амрикоӣ ҳарчӣ зудтар тасмим бигиранд ва амал кунанд.