Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти беш аз 100 роҳрӯб дар Маскав


Дар Маскав беш аз 100 роҳрӯб боздошт шудаанд ва эҳтимол қисме аз онҳо ба хотири вайрон намудани қонуни муҳоҷират аз Русия ихроҷ мешаванд. Залина Корнилова-сухангӯи хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, рӯзи панҷшанбе гуфт, ки ҳамагӣ 107 роҳрӯб дастгир шудааст, ки аксаран аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Ӯ афзуд, ки аз ин байн 33 нафар аз Русия ихроҷ хоҳанд шуд. Корнилова илова кард, ки ҳузури 47 роҳрӯби дигар дар Русия кӯтоҳтар хоҳад буд. Моҳи гузашта Думаи давлатии Русия назорати сабти номи муҳоҷиронро таҳким бахшид. Ин қонун маҳви хонаҳои ба истилоҳ “резинӣ”, яъне хонаҳоеро, ки дар он садҳо муҳоҷири корӣ номнавис мешаванд, ҳадаф қарор додааст. Ҳар сол садҳо ҳазор муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ ба Русия рафта, асосан дар соҳаҳои хадамот ва сохтмон кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG