Додгоҳи шаҳри Бориспол дархости боздошти сарвазири собиқи Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷоновро рӯзи 7 феврал баррасӣ хоҳад кард. Ношири ин хабар – Интерфакс – навишт, тибқи қонунҳои Украина, дархости боздошти афроде, ки таҳти таъқиби Интерпол қарор доранд, бояд дар зарфи 72 соат баррасӣ шуда, нафари гумонбарро метавонанд то 40 рӯз ба ҳабс бигиранд. Абдуллоҷонов 5 феврал ҳангоми пойин шудан аз парвози Лос-Анҷелес-Амстердам-Киев дар фурудгоҳи Бориспол дастгир шуд. Мақомоти Тоҷикистон ин мухолифи давлати Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷиноёти муташаккилонаву фаромарзӣ ва терроризм айбдор мекунанд. Ӯ баъди рақобат бо Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи соли 1994 тарки Тоҷикистон кардааст.