Ба иттилои сомонаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар моҳи январи соли равон 46 арзу шикояти сокинон тавассути телефони боварӣ ба ин ниҳод ворид шудааст. Аз ҷумла, тариқи телефони боварӣ ба ВКД сокини шаҳри Душанбе Баҳодур Қурбонхонов хабар додааст, ки аз ҷониби шахси номаълуме мавриди латукӯб қарор гирифт ва ба зудӣ ба гумони содир кардани ин ҷиноят сокини 24 солаи шаҳри Душанбе Юнусов Тоҳир боздошт гардида ва аз рӯи ҳодисаи рухдода парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Ҳамчунин, шаҳрванд Шарифов Парвиз аз муносибати дағалонаи Баҳодур Ҷононов — сардори бозрасии давлатии автомобилии ноҳияи Восеъ шикоят кардааст. Дар паи санҷиши шикояти шаҳрванд гуноҳи сардори БДА исбот ва барои дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани вазифаи хидматӣ Ҷононов сазовори ҷазои интизомӣ гардидааст.