Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирборони Вазиристони ҷанубӣ аз дохили Афғонистон


Бино ба хабарҳо, борони снарядҳо аз ҷониби Афғонистон мунҷар ба ҳалокати дастикам 5 нафар дар минтақаи қабиланишине дар вилояти Вазиристони ҷанубии Покистон шуд. Мақомҳои амниятии Покистон мегӯянд, ин снарядҳо рӯзи ҷумъа ба минтақаи Ангурадда дар наздикии марзи Афғонистон асобат кардаанд. 5 кушташуда, бино ба хабарҳо, ҷангиёни Толибон будаанд. Афғонистону Покистон якдигарро пайваста ба тирборони қаламрави ҳамдигар айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG