Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Анкара ҳамлагар ва як муҳофиз кушта шудаанд


Як бомгузори маргталаб рӯзи ҷумъа ба сафорати Амрико дар Анкара ҳамла кард, ки бар асари он як муҳофизи турк ва худи ҳамлгар кушта шуданд. Вазири умури дохилаи Туркия Муаммар Гулер гуфт: “Муҳофиз Мустафо Оқосу, соли таваллудаш 1966 ва бомбгузори маргталаб, ки мо талош дорем ҳуввияташро маълум кунем, ҷон бохтанд. Ва як зан, Дидем Тунчай, соли таваллудаш 1974, ҷиддан захмӣ шудааст.” Мақомоти Амрикову Туркия ҳамларо “террористӣ” номиданд. Касе масъулиятро ба дӯш нагирифтааст, вале Гулер гуфт, бовар меравад, ки бомбгузор ба як гурӯҳи ҷангии маҳаллии чапгаро рабт дорад. Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон хостори талошҳои ҷаҳонӣ дар набард бо “афроди террорист” шуд. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Виктория Нуланд гуфт, таркиш дар даромадгоҳи бинои сафорат рух додааст. Дар ҳамлаҳои солҳои охир дар Туркия чирикиҳои курд, чапгароҳо ва ҷангиёни исломӣ даст доштанд. Дар як ҳамлаи соли 2007 дар Анкара, ки 9 кушта ба ҷо гузошт, як маргталаби чапгаро айбдор шуда буд.
XS
SM
MD
LG