Пайвандҳои дастрасӣ

ПАД Тоҷикистонро дар шабакаи воҳид дидан мехоҳад


Николай Бордюжа
Дабири кулли Паймони амнияти дастаҷамъӣ(ПАД) Николай Бордюжа гуфт, Тоҷикистону Қирғизистон низ метавонанд дар оянда ба шабакаи муштараки дифоъи зиддиҳавоии Русияву Қазоқистон бипайванданд. Рӯзи 30 январ вазирони дифоъи Русияву Қазоқистон Сергей Шойгу ва Одилбек Ҷахсибеков дар Остона созишномаи ташкили чунин шабакаи муштараки байни ду кишварро имзо карданд. Бордюжа гуфт, чунин шабакаҳои дифоъи зиддиҳавоӣ байни Русияву Беларус ва Русияву Арманистон алакай вуҷуд доранд, вале дар дурнамо ин ҳамаро метавон дар як шабакаи воҳид гирд овард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG