Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: То 10 соли зиндон барои арӯсрабоӣ


Як эътироз алайҳи арӯсрабоӣ дар Қирғизистон
Як эътироз алайҳи арӯсрабоӣ дар Қирғизистон
Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Атамбоев ба қонуне имзо гузошт, ки муҷозот барои арӯсрабоиро шадидтар мекунад. Дафтари матбуоти Атамбоев гуфт, барои арӯсрабоӣ аз ин ба баъд аз 3 то 7 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Агар арӯси рабудашуда зери 17, синни ҳадди ақали издивоҷ дар Қирғизистон бошад, рабояндаро метавонанд то 10 сол ҳукми зиндон бидиҳанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳар сол дар Қирғизистон то 12 000 занро рабуда, ба издивоҷ маҷбур мекунанд. Аксари онҳо то 17-солаанд. Арӯсони ноболиғро бисёр вақт ғайрирасмӣ дар масҷидҳо никоҳ мекунанд, ки занонро аз ҳаққи қонуниашон маҳрум месозад.
XS
SM
MD
LG