Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардуми олам аз қурбониёни Ҳолокост ёд мекунанд


Бандиёни маҳкум ба марги лагери Аушвитс-Биркенау
Бандиёни маҳкум ба марги лагери Аушвитс-Биркенау
Имрӯз рӯзи байнулмилалии ёдбуди қурбониёни Ҳолокост аст. 27 январи соли 1945 сарбозони шӯравӣ бандиёни маҳкум ба марги лагери Аушвитс-Биркенау дар Лаҳистонро озод карданд. Соли 2005 Маҷмааи умумии СММ 27 январро рӯзи ёдбуди қурбониёни Ҳолокост эълон кард.

Чорабиниҳои имсолаи Рӯзи ёдбуди қурбониёни Ҳолокост ба онҳое бахшида мешаванд, ки барои наҷоти даҳҳо ҳазор яҳудиҳо ва дигар қурбониёни фашизм ҷони худро нисор кардаанд.

Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, дар изҳороти худ бахшида ба рӯзи Ҳолокост гуфт, мардонагии он афрод бояд мардумро барои беҳтар кардани сайёра илҳом бубахшад.

Гуфта мешавад, ки солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳон тақрибан 6 миллион яҳудиҳо кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG