Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама Алленро ба мақоми нав пешбарӣ хоҳад кард


Генерал Ҷон Аллен
Генерал Ҷон Аллен
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама генерал Ҷон Алленро баъди соф баромаданаш аз тафтиши Пентагон ба мақоми фармондеҳи аршади нирӯҳои НАТО дар Аврупо пешбарӣ хоҳад кард. Сухангӯи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ гуфт, маъмурият “қасд дорад, пешбариро идома диҳад.” Пешбарии Аллен ба ин мақом ба далели таҳқиқи мукотибаҳояш бо Ҷилл Келлӣ ба ҳоли таълиқ даромада буд. Келлӣ як тарафи моҷарои ишқиест, ки ифшо шуданаш боиси истеъфои генерал Девид Петреус аз мақоми раҳбари Идораи марказии ҷосусии Амрико шуд. Аллен мақоми кунуниаш – фармондеҳи нирӯҳои эътилоф дар Афғонистонро моҳи оянда тарк мекунад.
XS
SM
MD
LG