Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзи баста монеи кумак ба сокинони Сӯх шудааст


Як идда мошинҳои боркаши Узбакистон бо ғизо ва маводи сӯхт дар вилояти Фарғона дар яке аз гузарогоҳҳои марзи миёни Узбакистону Қирғизистон банд мондаанд, зеро посгоҳҳои марзӣ фаъол нестанд.
Дар ҳамин ҳол волии влояти Ботканди Қирғизистон Ҷениш Раззоқов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба зудӣ нерӯҳои амниятии Қирғизистон корвони иборат аз 21 мошини боркаши Узбакистонро ба Сӯх раҳнамоӣ хоҳанд кард.
Ҳомии ҳуқуқи башари Узбакистон Баҳодур Элибоев аз шаҳри Риштони Узбакистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин мошинҳои боркаш озими минтақаи Шоҳимардони ноҳияи Сӯх мебошанд, ки ҷазира-қаламрав ё худ анклави Узбакистон дар дохили вилояти Ботканди Қирғизистон аст ва сокинони он асосан тоҷик ҳастанд. 5-6-уми январ бар асари як ҷанҷоли сокинони Сӯх бо марзбонони қирғиз камаш 5 сокини Сӯх ҷароҳат бардошта, наздик ба 30 мусофири қирғиз як рӯзро дар гарав гузаронданд. Рӯзи чоршанбе гаравгонҳои собиқ аз мақомоти Узбакистон ҷуброни хароҷоти тиббиашонро талаб карданд.
XS
SM
MD
LG