Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди тоҷик дар байни 5 наркобарони бузург


Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддири Русия акс ва шарҳи ҳоли 5 наркобарони умдаи таҳти таъқибро нашр кард. Дар ин панҷгона, ки дар нашрияи “Российская газета” нашр шуд, се шаҳрванди Озарбойҷон, як зодаи Афғонистон бо номи Абдулсабур Афшор ва шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон Сӯҳроб Аблаканов зикр шудаанд. Сӯҳроб Аблаканов ба қочоқи миқдори бузурги ҳашиш ба Санкт-Петербург айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG