Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги мармузи як хабарнигор дар Беларус


Пайвандони Юрий Ҳуменюк мегӯянд, ба худкушӣ кардани ин журналисти беларус дар Ҳродна бовар надоранд. Ҳуменюки 43-сола рӯзи шанбе аз қабати нӯҳуми биное дар наздикии манзили ӯву модараш сарозер шуд. Ӯ хабарнигори радиои Лаҳистон буд ва нисбат ба мақомоти Беларус мавзеъи интиқодӣ дошт. Модари Ҳуменюк мегӯяд, ки ӯ дар он бино рафиқе надошт, ки пешаш биравад. Ҳуменюк шеър ҳам мегуфт ва тарафдори озодии шеър аз назорати давлат буд. Мақомоти маҳаллӣ марги ӯро таҳқиқ мекунанд.
XS
SM
MD
LG