Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар баъзе деҳоти марзии Бодканд вазъи фавқулодда ҷорӣ шуд


Бино ба навиштаи хабаргузории “24 кг”-и Қирғизистон, дар марз бо анклави Сухи Узбакистон вазъи фавқулодда ҷорӣ шудааст. Жениш Раззоқов-раиси вилояти Бодканди Қирғизистон ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки дар баъзе аз деҳоти марзии ин вилоят, ки бо Сух ҳаммарз мебошанд, вазъи фавқулодда ҷорӣ шудааст.

Раззоқов гуфтааст, ки Узбакистон пас аз муноқишаи 5 январ роҳи асл ва стратегии мошингардро бастааст . Ин роҳ баъзе аз деҳоти Қирғизистонро бо вилояти Сух ва марказ васл мекард.

Ба гуфтаи Раззоқов, ҳоло дар деҳоти марзии Қирғизистон камбуди ғизо ва дору эҳсос мешавад. Ба ин сабаб дар ин деҳот вазъи фавқулодда ҷорӣ кардаанд.

Раззоқов мегӯяд, вазъ ором аст ва байни сокинони ду тараф муноқишае рух надодааст. Ҳоло вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон барои дастрасӣ ба чанд деҳи марзии худ дар анклави Сух роҳи хокӣ дуруст мекунад. Ин роҳ аз қаламрави Сухи Узбакистон намегузарад.
XS
SM
MD
LG