Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи ҷиноии Муборак бозбинӣ мешавад


Ҳуснӣ Муборак дар толори додгоҳ
Додгоҳи Қоҳира аризаи собиқ президенти Миср Ҳуснӣ Муборакро қабул намуда, ба муҳокимаи нави парвандаи ӯ ризоят додааст. Моҳи июни гузашта додгоҳ Муборакро бо ҷурми куштори 900 нафар дар гирдиҳамоиҳои зидди ҳукуматии соли 2011-ум ба ҳабси ҳаётӣ маҳкум карда буд. Ҳамчунон додгоҳ ба бозбинии ҳукми собиқ вазири умури дохилии Миср Ҳабиб ал-Адлӣ, ки мисли Муборак муттаҳам ва ба ҳабси ҳаётӣ маҳкум шудааст, мувофиқат кард. Рӯзи шанбе додситонии Миср таҳқиқи парвандаи нави ҷиноиро оғоз намуд, ки бар пояи он Муборак дар даврони раёсатҷумҳуриаш аз як рӯзнома ба маблағи 1 миллион доллар тӯҳфа гирифтааст. Ҳуснӣ Муборак баъди раёсатҷумҳурии тахминан 30-сола дар соли 2011-ум барканор шудааст. Феълан муҳокимаи писарони Муборак Ало ва Ҷамол идома дорад. Онҳо бо хилофкорӣ дар бозори авроқи гаронбаҳои Миср муттаҳам мешаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG