Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дархости нашри аксҳои Бен Лоданро рад кард


Ҳукумати Амрико мегӯяд, ҳоло ҳам омода нест, аксҳои ҷасади Усома бен Лоданро нашр кунад, зеро мумкин аст, сабаби хушунат шаванд. Judicial Watch як гурӯҳи муҳофизакори нозири амрикоӣ, бо такя ба як санади дастрасии озод ба иттилоъ дар Амрико, аз ҳукумат хостааст, он аксҳоро нашр кунад. Аммо Хадамоти Истихборотии Амрико (СIA) иҷозаи нашри 52 аксу санад дар мавриди амалиёт маҳви Усома бен Лоданро надодааст, зеро ба гуфтаи СIA, асноди мазкур сиррӣ ҳастанд ва бар асоси қавонини дигар ҳам нашри онҳо мумкин нест. Рӯзи панҷшанбе вакилони Judicial Watch дар додгоҳи Вашингтон гуфтанд, ки ҳукумат барои рад кардани дархости онҳо далели кофӣ наовардааст. Аммо Роберт Лоубе, вакили вазорати адлияи Амрико, бо зикри масоили амнияти миллӣ, дар додгоҳ гуфт, ки нашри аксҳои ҷасади Бен Лодан метавонад, “хушунат барангезад” ва сабаби “ҳамлаҳои талофиҷӯёна” шавад. Усома бен Лоданро нерӯҳои махсуси Амрико моҳи майи соли 2011 дар шаҳри Аббутободи Покистон куштанд.
XS
SM
MD
LG