Пайвандҳои дастрасӣ

Суҳроб Сафаров ба ҷои Мирзоавлиё Шеравлиёев


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо судури як фармон Суҳроб Сафаров сардори раёсати иттилоотӣ-таҳлилии Оҷонсии мубориза бо гардиши ғариқонунии маводи мухаддирро намояндаи Тоҷикистон дар Маркази минтақавии иттилотӣ ва ҳамоҳангсозии мубориза бо қочоқи маводи мухадири Осиёи Марказӣ, таъйин кард.

Дафтари матбуоти Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи душанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки зимни тағйироти кадрӣ дар мақомоти қудратии кишвар, 22-юми декабр Суҳроб Сафаров ба ҷои Мирзоавлиё Шеравлиёев намояндаи Маркази минтақавии иттилотӣ ва ҳамоҳангсозии мубориза бо қочоқи маводи мухадири Осиёи Марказӣ таъйин шуд. Қароргоҳи асосии ин марказ дар шаҳри Алмаато мебошад.

Суҳроб Сафаров дар гузашта сардори Раёсати фаврӣ-ҷустӯҷуии Оҷонсии мубориза бо қочоқи маводи мухадири назди президенти Тоҷикистон буд ва баъдтар вазифаи сардори Шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии ҳамин ниҳодро ба дӯш дошт.

Видеоҳои охирин

Сохтмони таҳкурсии нахустин роҳи танобӣ дар Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:35 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG