Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистониҳо бо осори фарҳангии тоҷикон ошно мешаванд


Бинои Осорхонаи милии Покистон дар шаҳри Исломобод.
Бинои Осорхонаи милии Покистон дар шаҳри Исломобод.
Дар Осорхонаи миллии Покистон воқеъ дар шаҳри Исломобод, Гӯшаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ шуд. Бино ба иттилои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, маросими ифтитоҳи Гӯшаи Тоҷикистон рӯзи 19-уми декабр бо ширкати дипломатҳои тоҷик, мақомоти покистонӣ, тоҷикони муқими ин кишвар, ҳамчунони шумораи зиёде аз рӯзноманигорон баргузор шуд. Ин иқдом бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Покистон ва вазорати фарҳангӣ ҷумҳурӣ рӯи даст гирифта шудааст, ки ба таври ройгон намунаҳои фарҳанг ва таърихи тоҷиконро ба Исломобод ирсол намудааст. Зубайдуллоҳ Зубадов, сафири Тоҷикистон дар Покистон ҳадаф аз иқдомро тавсеаи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳои фарҳангӣ хондааст. Ҳамзамон директории Осорхонаи милии Покистон Ҷовид Холид ифтитоҳи Гӯшаи милаии Тоҷикистон дар ин осорхонаро як воқеаи муҳим дар муносибатҳои фарҳангии ду кишвар арзёбӣ намудааст.
XS
SM
MD
LG