Коргарони терминали нафт дар бандари Кулевии Гурҷистон бо талаби маоши баландтар ва шароити беҳтари кор даст ба корпартоӣ задаанд. Иттифоқҳои касабаи Гурҷистон дирӯз бо нашри як баёния гуфт, корпартоён маоши баробари кормандони хориҷии терминали Кулевиро талаб доранд. Онҳо ҳамчунин мехоҳанд, то 7 коргари барканоршударо баргардонанд. Эътирози ҳудуди 200 коргар дар ин бандари баҳри Сиёҳ 3 рӯз боз идома доштааст. Молики терминал - ширкати давлатии нафти Озарбойҷон (SOCAR) - барои бозсозии он ва таъмини ҳамлу нақли нафти Озарбойҷон ба киштиҳои нафткаш дар баҳри Сиёҳ ҳудуди 350 миллион доллар харҷ кардааст.Коргарони Кулевӣ 6 ҳафта пеш низ як корпартоии “ҳушдордиҳанда” доир кардаанд.