Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон марди "Қуръонсӯз"-ро куштанд


Полиси Покистон мегӯяд, дар шаҳри ҷанубии Доду издиҳоми ғазаболуд фарди муттаҳам бо оташ задани нусхаи Қуръонро то мурдан лату кӯб кардааст. Сухангӯи полис иброз доштааст, ки тахминан 200 нафар ба идораи полис ҳамла карда, фарди муттаҳамро аз боздоштгоҳ берун кашиданд. Сипас издиҳом ӯро то мурдан лату кӯб намуда, сипас ҷасадашро оташ задааст. Имом-хатиби масҷиди маҳаллӣ ба хабарнигорон гуфтааст, ки шахс мусофире буд, ки як шабро дар масҷиди онҳо сипарӣ намуд. Вале субҳи дигар тибқи гузоришҳои расида дар ин масҷид пораҳои сӯхтаи Қуръон ёфт шуданд. Бар пояи гузоришҳои ҳомиёни ҳуқуқи башар аз солҳои 1990 ба ин тараф, яъне аз замони ҷорӣ шудани муҷозот ба хотири тавҳини ислом дар Покистон камаш 50 кас баъди чунин иттиҳом ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG