Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин аз санади Думаи Давлатӣ ҳимоят кард


Путин дар нишасти хабарӣ
Путин дар нишасти хабарӣ
Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия аз тасвиби ибтидоии пешнависи қонун дар бораи манъи шаҳрвандони Амрико аз фарзандхондии кӯдакони Русия ба таври озмоишӣ ҷонибдорӣ кард.

Дар нахустин нишасти хабарии худ дар давраи севвуми раёсати ҷумҳуриаш Владимир Путин гуфт, ки Думаи Давлатӣ ба Амрико ҷавоби “эҳсосотӣ, вале муносиб” додааст.

“Ман мефаҳмам, ки ҷавоби Думаи Давлатӣ ба мусаввабаи Магнитский эҳсосотист, вале он ҷавоби муносиб аст”.

Ин пешнавис дар вокуниш ба Мусаввабаи Магнитский аст ва тибқи он ба ашхосе, ки дар Русия ҳуқуқи башарро нақз мекунанд, барои сафар ба Амрико раводид дода намешавад.
Путин гуфт, мусаввабаи Амрико муносиботи миёни Маскаву Вашингтонро “заҳролуд” кард.

Мусаввабаи Магнитский, ҳафтаи гузашта эътибор пайдо кард. Ин санад ба номи Сергей Магнитский-ҳомии ҳуқуқи Русия гузошта шудааст, шахсе, ки дар натиҷаи шиканҷа дар зиндони Русия ҷон дод.
XS
SM
MD
LG