Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Миср имрӯз тазоҳуроти бештар созмон медиҳанд


Эътирози мухолифони Муҳаммад Мурсӣ дар Қоҳира
Эътирози мухолифони Муҳаммад Мурсӣ дар Қоҳира
Ҷонибдорони мухолифони ҳукумати Миср ба нақша гирифтаанд, ки имрӯз бар зидди пешнависи нави Қонуи Асосии кишварашон, ки аз он исломгароҳо ҳимоят кардаанд, тазоҳуроти густардатар созмон диҳанд.

Мухолифон мегӯянд ин пешнавис ҳуқуқҳои муосири демократиро замонат намедиҳад. Онҳо ҳамчунин даъво мекунанд, ки дар даври аввали райпурсӣ ба қонуншиканӣ роҳ дода шудааст.

Қарор аст даври дуввуми райпурсӣ рӯзи шанбе баргузор шавад. Ихвонулмуслимин, ки аз раиси ҷумҳурии исломгаро ҳимоят мекунанд, мегӯянд, ки дар даври аввал ба ҷонибдорӣ аз пешнависи нави Қонуни Асосӣ 57 дарсад рай додаанд.

Тибқи як хабари дигар додситони кулли Миср аз мақомаш истеъфо додааст. Вай камтар аз як моҳи пеш аз сӯи Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳур додситони кулл таин шуда буд.
Қарор аст, рӯзи якшанбе Шӯрои Олии додрасҳо ин истеъфоро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG