Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама ба Ниютавни Коннектикут омад


Барак Обама
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико вориди Коннектикут шуд, минтақе, ки рӯзи ҷумъа дар натиҷаи як тирандозӣ дар мактабе 26 нафар кушта шуданд. 20 нафари кушташудагон кӯдакон мебошанд.

Обама дар маросими поси хотираи қурбониён дар Ниютавни Коннектикут ширкат ва бо хонаводаҳои қурбониён мулоқот мекунад.

12 нафари қурбониён духтар ва 8 нафари онҳо писар буданд. Ҳамаи онҳо 6 ва 7 сола буданд. 6 хонуми дигар кормандони мактаб буданд.

Қотили эҳтимолӣ Адам Ланзаи 20 сола қабл аз куштор дар мактаб модараш Нанси Ланзаро ҳадафи тир қарор додааст. Баъд аз куштори мактаб вай худро низ ба қатл расондааст.

Бо назардошти чунин кушторҳо Обама хоҳад хост, ки бо худ доштани аслиҳа мамнуъ эълон шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG