Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майли Русия барои бозгашт ба сарҳади Тоҷикистон


Як дипломати баландпояи Русия гуфтааст, агар Тоҷикистон бихоҳад, кишвараш ҳозир аст, сарбозони русро дигарбора барои посбонии марзи Тоҷикистону Афғонистон бифристад. Игор Лякин-Фролов, намояндаи Русия дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, “Агар ҳамкорони тоҷик ба мо муроҷиат кунанд, мумкин аст, ин масъаларо баррасӣ кунем, вале дар ин бора гуфтан ҳоло зуд аст.” Марзбонони Русия, ки солҳои тулонӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон буданд, соли 2005 бо дархости Тоҷикистон онҷоро тарк карданд ва гурӯҳи хурде аз мушовирони марзбонии рус дар Душанбе монданд. Русия борҳо масъалаи бозгашт ба марзи Тоҷикистон аз тариқи расонаҳо матраҳ кардааст, вале мақомоти Душанбе гуфтаанд, зарурате ба бозгашти марзбонони рус вуҷуд надорад ва агар Русия мехоҳад кӯмак кунад, беҳтар аст, бо техникаи низомӣ ва дигар абзорҳои лозим дар тақвияти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мусоидат намояд.
XS
SM
MD
LG