Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Тоҷикистон ба WTO боз шуд


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, қабули кишвар ба узвияти Созмони Тиҷорати Ҷаҳониро як марҳилаи таърихӣ барои Тоҷикистон хонда ва гуфтааст, ки ин кор дар заминаи мустаҳкамеро барои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ хоҳад гузошт. Дар расми тасвиби бастаи санадҳои узвият дар Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ дар шаҳри Женева Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон узвият дар ин созмонро барои рушди иқтисодӣ ва шукуфоии кишвар истифода хоҳад кард. Дар баёнияи расмие, ки аз Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ба Радиои Озодӣ фиристоданд, Шӯрои Умумии созмон рӯзи душанбе санадҳои вуруди Тоҷикистон ба созмонро пазируфт ва акнун кишвар то 7 июн фурсат дорад, ин санадҳоро тасвиб намуда ва то 30 рӯз баъд аз тасвиби санадҳо ба узви комилҳуқуқи Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ шавад. Паскал Ламӣ, раиси мудири кулли созмон гуфт, бо тасвиби санадҳои марбута, Тоҷикистон 159-умин узви хонаводаи Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ хоҳад шуд ва ин узвият барои кишвари хурде чун Тоҷикистон, боз шудани роҳ ба сӯи иқтисоди ҷаҳонист. Тоҷикистон 29 майи соли 2001 дархости узвият ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ кард ва пас аз музокироти 11-сола ба ин созмон мепайвандад.
XS
SM
MD
LG