Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломатҳо бонуи тоҷикро аз Абхазистон раҳо карданд


Зарина Хоҷанова, як бонуи 30-солаи тоҷик, ки муддати 10 моҳ дар Абхазистон бозмонда, имкони берун рафтан аз ин кишварро надошт, ниҳоят раҳо гардидааст.

Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, Хоҷанова Зарина дар натиҷаи ёриву мусоидатҳои лозима аз сӯйи сафорат, ахиран, имкон пайдо кард, аз Абхазистон вориди шаҳри Сочии вилояти Краснодари Русия шавад.

Ба иттилои манбаъ 10 моҳ пеш аз ин, Хоҷанова Зарина, бошандаи шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон, ба мақсади дароз кардани муҳлати иқомат дар Русия, ба Абхазистон рафта, аммо дар роҳи бозгашт, ба ӯ иҷозаи берун рафтан надодаанд.

Дипломатҳои тоҷик таъкид мекунанд, ки ин ҳолат якумин нест ва бо назардошти ин Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз тоҷикистониёни муқими ин кишвар даъват ба амал меорад, ки «ҳангоми сафар ба ин ё он кишвар, ба хусус, ба мақсади дароз кардани муҳлати будубош дар Русия беэътиборӣ накунанд.»

Ба иттилои сафорат бетафовутии баъзе шаҳрвандон ба сарнавишти худ, агар аз як сӯ боиси ташвишу сарсониҳои аҳли хонаводаву пайвандон гардад, аз сӯйи дигар, намояндагиҳои мақомоти расмии Тоҷикистон ва созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониёну ҳамватанони муқими Русияро дар назди ниҳодҳои дахлдори кишвари иқомат дар ҳолати ногувор мегузорад ва дар умум, ба эътибору манзалати тоҷику тоҷикистонӣ, бе таъсир намемонад.

Сафорат ҳушдор медиҳад, ки амалу рафтори ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикистониён дар паҳнои Федератсияи Русия аз назари мақомоти дахлдори ин кишвар пинҳон намонда, имкон дорад ба онҳо, дар оянда, чун шахси номатлуб, иҷозаи вуруд дода нашавад.

Аз ин рӯ дипломатҳои тоҷик мегӯянд эҳтирому риояи қонунгузории мавҷуда, махсусан қонуну қоидаи будубош дар Русия аҳамияти хос дошта, инчунин, ҳангоми сафар ва бозгашт аз ин ё он кишвар ба Русия, кишвареро бояд интихоб кард, ки дар сурати нокомӣ ҳини вуруд ба Русия, имкони бозгашт ба Тоҷикистон мавҷуд бошад. "Вагарна, душворӣ ва пайомадҳои номаълуму номатлуб домангир хоҳад шуд"-таъкид мекунанд масъулини сафорат.
XS
SM
MD
LG